Warning: file_put_contents(/var/www/html/vestnik/plugins/system/yt/includes/libs/minify/config.php): failed to open stream: Permission denied in /var/www/html/vestnik/libraries/src/Filesystem/File.php on line 450
Маҷалла

Дар бораи маҷалла

ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН.

БАХШИ ИЛМҲОИ ИҚТИСОДӢ, СОҲИБКОРӢ, СОҲАИ ИҶТИМОӢ ВА ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРӢ

Маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. Бахши илмҳои иқтисодӣ, соҳибкорӣ, соҳаи иҷтимоӣ ва илмҳои гуманитарӣ» нашрияи илмӣ буда, дар он натиҷаҳои илмию таҳқиқотии рисолаҳои илмии дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм нашр мегарданд. Дар маҷаллаи мазкур мақолаҳои илмии ҳайати омӯзгорону профессорон, аспирантону унвонҷӯён ва докторантони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, инчунин дигар мактабҳои олии мамлакат ва кишварҳои дуру наздик ба нашр мерасанд.

Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ ташкил медиҳанд. Маҷаллаи мазкур дар як сол 4 шумора ба нашр мерасонад. Бахшҳои асосии маҷалла, муҳтаво ва мундариҷаи мақолаҳо бо Феҳристи ихтисосҳои илмие, ки дар заминаи онҳо дараҷаҳои илмӣ дарёфт мегарданд.
Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки дар мувофиқа бо бахшҳои маҷалла барои чоп пешкаш мегарданд, бо мақсади баҳогузории экспертӣ барои гирифтани тақриз супорида мешаванд. Ҳамаи муқарризон мутахассисони варзидаи бахшҳои маҷалла мебошанд ва дар соҳаи худ маводҳои гуногуни чопнамуда доранд. Ба ҳамаи муаллифон нусхаи тақризи манфӣ бо нишон додани сабабҳои чоп нагардидани мақола ирсол мегардад.

Маҷалла дар Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) ба қайд гирифта шуда, роҷеъ ба шумораҳои нашрнамудаи худ ба РИНЦ маълумот пешниҳод менамояд. Мундариҷаи маҷалла дар шакли фишурдаҳо ва калидвожаҳо ба РИНЦ ворид карда мешавад. Бойгонии электронии маҷалла дар сомонаи расмии он дастрас мебошад. Ҳамаи маълумотҳо дар сомонаи расмии маҷалла дастрас мебошанд.

Ҳайати таҳририяи маҷалла аз 10 доктори илм ва як номзади илм иборат мебошад, ки онҳо кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ ҳастанд. Ҳамаи аъзои ҳайати таҳририя мутахассисони варзидаи соҳаи худ мебошанд.

Ҳамаи мақолаҳои илмии чопшаванда дорои рӯйхати адабиёти истифодашуда мебошанд, ки дар асоси қоидаҳои аз ҷониби маҷалла пешниҳодшуда тартиб дода шудаанд.
Ҳамаи мақолаҳои илмии чопшаванда дорои фишурда ва калидвожаҳои худ мебошанд, ки онҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ тартиб дода шудаанд.

Маҷалла дорои рақами байналхалқии силсиланашрия мебошад (ISSN 2308-054X).

Бахшҳои асосии маҷалла:

Дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ: назарияи иқтисод, иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ, иқтисоди ҷаҳонӣ.

Нишонӣ

Муассиси маҷалла: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Нишонии муассиси маҷалла:

734061, ш.Душанбе, к. Деҳотӣ ½

Тел.: (+992 37) 234 85 44

E-mail: mail@ddtt.tj
Сомонаи расмӣ: http://ddtt.tj

E-mail: vestnik-tsuc@mail.ru

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…