Warning: file_put_contents(/var/www/html/vestnik/plugins/system/yt/includes/libs/minify/config.php): failed to open stream: Permission denied in /var/www/html/vestnik/libraries/src/Filesystem/File.php on line 450
Асосӣ

ТАЛАБОТИ МАҚОЛАҲО БАРОИ НАШР ДАР «ПАЁМИ ДДТТ»

Раёсати илм ва инноватсия ба Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маколаҳоро қабул менамояд.

Шакли коғаз: А4 (Боло ва поён - 2 см, чап - 3 см, рост - 1,5 см.). Сархат (абзац) - 1 см. Шакли ҳуруф: Times New Roman, андоза - 12.

Ҳаҷми мақола: то 0,5 ҷ.ч. (8 саҳ.)

Ҷадвалҳо, расмҳо ва схемаҳо бояд гурӯҳбандӣ, ғайриранга, дорои рақам ва ном бо нишондоди сарчашма, амсоли [12, с. 77] коркард шавад, агар коркарди муаллиф набошад.

Рӯйхати адабиёт бо дарназардошти алифбо, тибқи стандарти ГОСТ Р 7.05.2008 коркард шавад.

Муфассал


МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН

Талабот нисбат ба мақолаҳои илмӣ

Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд: а) мақолаи илмӣ бояд бо назардошти талаботи муқаррарнамудаи маҷалла омода гардида бошад; б) мақола бояд натиҷаи таҳқиқоти илмӣ бошад; в) мавзӯи мақола бояд ба яке аз самтҳои илмии маҷалла мувофиқат намояд.

Ҳамаи маводи илмие, ки ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бо ёрии системаи Antiplagiat барои муайян намудани дараҷаи аслияти матн санҷида мешаванд. Мақолаҳое, ки дар матни онҳо маводи дигар муаллифон бе иқтибосоварӣ истифода шудаанд, ба баррасии марҳилаҳои навбатӣ пешниҳод намегарданд ва ин гунна мақолаҳо ба чоп роҳ дода намешаванд.

Муфассал


ТАРТИБИ ТАҚРИЗДИҲӢ БА МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ

Мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, аз ташхиси пешакӣ гузаронида мешаванд (ташхис аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя – мутахассисони соҳаи дахлдор анҷом дода мешавад) ва сипас дар доираи тартиботи ҷорӣ барои чоп қабул мегарданд. Талабот барои тартиб додани шакли ниҳоии матни мақола дар ҳар як шумораи маҷалла чоп карда мешавад.

Ҳангоми қабули шакли дастнависи мақола, корбарони маҷалла нисбат ба мундариҷа ва риояи талаботи асосӣ ба муаллиф хабар медиҳанд ва он норасогиҳое, ки дар мақола ҷой доранд, то оғози ташхис аз ҷониби муаллиф бояд бартараф карда шаванд.

Сипас мақолаи илмӣ дар доираи талаботи ҷорӣ аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя ва ё мутахассисони соҳаи дахлдор (номзадҳо ва докторони илм) ташхис мегарданд.

Дар тақриз бояд хусусиятҳои муҳими мақола асоснок карда шаванд. Аз ҷумла, навоварии илмӣ, муҳимияти омӯзиши масъала, арзиши таърихӣ ва фактологии мақола, дурустии иқтибосҳои нишондодашуда, услуби матн, истифодаи адабиёти солҳои охир ва камбудию норасогиҳои мақола. Дар охири тақриз нисбат ба мақола баҳои умумӣ дода мешавад ва ба ҳайати таҳририя дар мазмунҳои зерин хулосаи муқарриз пешниҳод мегарданд: ба чоп тавсия карда шавад; баъди ислоҳи камбудиҳо ба чоп тавсия карда шавад; барои тақриз иловатан ба мутахассиси дигари масъалаи дахлдор фиристода шавад; барои чоп тавсия карда намешавад. Ҳаҷми тақриз бояд аз як саҳифа кам набошад.

Муфассал

Hide Main content block

Нишонӣ

Муассиси маҷалла: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Нишонии муассиси маҷалла:

734061, ш.Душанбе, к. Деҳотӣ ½

Тел.: (+992 37) 234 85 44

E-mail: mail@ddtt.tj
Сомонаи расмӣ: http://ddtt.tj

E-mail: vestnik-tsuc@mail.ru

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…